Истиқболи Трамп аз мусаллаҳ шудани муаллимони мадориси Амрико
(last modified Thu, 22 Feb 2018 16:34:18 GMT )
Феврал 22, 2018 21:34 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Трамп аз мусаллаҳ шудани муаллимони мадориси Амрико

Як ҳафта пас аз трагедияи хунин дар дабиристони Стонмен Дугласи иёлоти Флорида, раисҷумҳури Амрико аз идеаи мусаллаҳ кардани муаллимон дар ин кишвар истиқбол кард.

Доналд Трамп дар нишасти дидори донишомӯзон ва волидайни қурбониёни тирандозӣ дар дабиристони Стонмен Дуглас, ки дар Кохи Сафед баргузор шуд, эълом кард:

“Пешниҳоди яке аз ширкаткунандагон мабнӣ бар мусаллаҳ кардани муаллимон қобили баррасӣ аст”.

Фарди пешниҳоддиҳанда, мусаллаҳ кардани муаллимонро барои муқобила бо муҳоҷимони мусаллаҳ то пеш аз расидани полис, барои наҷоти ҷони донишомӯзон ҳаётӣ хонд.

Бо ин ҳол, мувофиқати зимнии Трамп бо мусаллаҳ кардани муаллимон дар фазои ин рӯзҳои Амрико, ки ба шиддат алайҳи тирандозиҳои хунин дар амокини умумӣ бавижа дар мадорис басиҷ шудааст, бар хашми умумӣ афзудааст.

Дар як ҳафта пас аз куштор дар Стонмен Дуглас, ағлаби шаҳрҳои Амрико, аз ҷумла дар баробари Кохи Сафед дар Вашингтон, таҷаммуоти эътирозӣ баргузор шудааст.

Таҷаммуъкунандагон аз мақомот хостаанд, барои муъзали фазояндаи кушторҳои мусаллаҳона ва ноамнии амиқ дар Амрико тадобире биандешанд.

Гурӯҳе бар эъмоли маҳдудиятҳои ҷадиди фурӯши силоҳ таъкид доранд.

Гурӯҳе дигар хоҳони ташдиди баррасии савобиқи харидорони силоҳ шудаанд.

Аммо ин роҳҳал, ҷомеаи хушунатзадаи Амрикоро дар гирдобе аз хушунатҳои густардатар фуру хоҳад бурд.

Ҳузури муаллимони мусаллаҳ бар сари класҳои дарс, бар оромиш ва итминони донишомӯзон барои таҳсил дар муҳите амнро аз байн хоҳад бурд.

Ин амр бар бурузи ҳаводиси тирандозии тасодуфӣ дар мадорис хоҳад афзуд.

Зимни инки ҳатто подагонҳои артиши Амрико низ, ки афроди шоғл дар онҳо, тақрибан ҳамагӣ мусаллаҳ ҳастанд низ аз осеби кушторҳои кур дар амон набудааст.

Давиана Варен, донишомӯзи 15 солаи ҷон ба дар бурда аз куштори Стонмен Дуглас мегӯяд:

“Ҳеҷ кӯдаке набояд вақте зиндагиашро дар хатар мебинад, ба мадраса биравад. Ин иттифоқ барои мо дар ҳоли рух додан аст”.