Имзои тавофуқномаи мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ аз сӯйи Гутерреш
https://parstoday.ir/tg/news/world-i30373-Имзои_тавофуқномаи_мубориза_бо_терроризми_ҷаҳонӣ_аз_сӯйи_Гутерреш
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид тавофуқномаи ҳамкории марбут ба мубориза бо терроризми ҷаҳониро имзо кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 24, 2018 07:03 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ аз сӯйи Гутерреш

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид тавофуқномаи ҳамкории марбут ба мубориза бо терроризми ҷаҳониро имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Антониу Гутерреш рӯзи ҷумъа гуфт, ин тавофуқнома бо ҳадафи ҳимоят аз кишварҳои узви СММ дар иҷрои роҳбурди муқобила бо терроризми ин созмон имзо шудааст.

Ин тавофуқнома - тавофуқ байни 36 узви ҳуқуқии СММ аст, ки дар он аз кишварҳои узв барои муқобила бо иқдомоти террористӣ ва ифротгароии хушунатомез ҳимоят мекунад.

Бар асоси изҳороти мақомоти СММ, итминон бахшидан ба ин амр, ки низоми СММ метавонад ояндаи беҳтар ва муассиртареро барои ҳама аъзои худ рақам бизанад, аз аҳдофи ин тавофуқнома аст.