Сар боз кардани захмҳои куҳнаи Кашмир
https://parstoday.ir/tg/news/world-i304-Сар_боз_кардани_захмҳои_куҳнаи_Кашмир
Дар ҳоле ки Ҳукумати Ҳинд бо афзоиши нерӯҳои низомӣ дар Кашмири таҳти кантроли ин кишвар мекӯшад, ҳамчунон султаи худро дар ин минтақа ҳифз кунад, эътирозҳои ахир дар ин минтақа ба монанди сар боз кардани захмҳои куҳнае талаққӣ мешавад, ки ба эътиқоди гурӯҳҳои кашмирӣ, сояи ваҳшати нерӯҳои ҳиндӣ бар он сарпӯш гузошта буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 18, 2016 12:04 Asia/Dushanbe
  • Сар боз кардани захмҳои куҳнаи Кашмир

Дар ҳоле ки Ҳукумати Ҳинд бо афзоиши нерӯҳои низомӣ дар Кашмири таҳти кантроли ин кишвар мекӯшад, ҳамчунон султаи худро дар ин минтақа ҳифз кунад, эътирозҳои ахир дар ин минтақа ба монанди сар боз кардани захмҳои куҳнае талаққӣ мешавад, ки ба эътиқоди гурӯҳҳои кашмирӣ, сояи ваҳшати нерӯҳои ҳиндӣ бар он сарпӯш гузошта буд.

Аз ин рӯ, сарвазири Кашмири таҳти контроли Ҳинд иттилоърасонӣ дар бораи эътирозҳои ахирро дар ин минтақа аз сӯйи расонаҳо мамнӯъ эълом кард. Пӯшиши хабарии эътирозоти ахир дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд дар расонаҳои ин кишвар низ бисёр коҳиш ёфтааст ва ҳеҷ расонае муҷаввизи ҳузур дар Кашмирро надорад; хати интернет, телефони ҳамроҳу собит низ дар бештари манотиқи Кашмир қатъ шудааст.

Дар ҳамини ҳол, бо идомаи эътирозҳо тадобири амниятӣ дар манотиқи мухталифи Кашмири таҳти контроли Ҳинд ҳамчунин идома дорад. Ба рағми он ки Ҳукумати Ҳинд раҳбарони гурӯҳҳои кашмирӣ, аз ҷумла Саидалишоҳи Гелонӣ ва Мирумари Форуқро ҳамчунон дар ҳабси хонагӣ нигаҳ доштааст, аммо эътирозҳои мардумӣ зидди Деҳлии Нав дар ин минтақа идома дорад. Аз дидгоҳи маҳофили мухталиф дар Покистон, то замоне ки Ҳукумати Ҳинд ба таври асосӣ барои ҳалли буҳрони Кашмир иқдом накунад, эътирозҳо бо баҳонаҳои мухталиф дар Кашмири таҳти контроли ин кишвар идома хоҳад ёфт. Ба ҳамин далел Ҳукумати Покистон эълом кард, ки зимни шикоят ба Созмони Милал ва Созмони Ҳамкории Исломӣ аз рафтори Ҳукумати Ҳинд бо мардуми Кашмири таҳти кантроли ин кишвар аз дабири кулли Созмони Милал хостааст, барои иҷрои қатъномаи ин созмон барои таъйини вазъияти Кашмир иқдом кунад. Бар асоси қатъномаи Созмони Милал, барои таъйини вазъияти Кашмир бояд ҳамапурсӣ баргузор шавад ва мардуми минтақа озодона назари худро барои пайвастан ба Ҳинд ё Покистон эълом кунанд.

Бар асоси тарҳи тақсими шибҳқора дар соли 1947, Ҷаму ва Кашмир ба унвони минтақаи мусалмоннишин ба Покистон тааллуқ ёфт, аммо нерӯҳои англисию ҳиндӣ бо ворид шудан ба ин минтақа монеъ аз иҷрои тарҳи тақсими шибҳиқора шуданд ва нерӯҳои ҳиндию покистонӣ ду бор бар сари моликияти Кашмир ҷанг карданд. Баъд аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 ба далели нигаронӣ аз мудохилаи Амрико дар Кашмир нахуствазири вақти Ҳинд Атал Биҳари Ваҷпаи ва Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури вақти Покистон бо дарки шароити хатарноки минтақа гуфтугӯ дар мавриди ҳалли буҳрони Кашмирро оғоз карданд ва чандин давр низ ин музокирот таҳти унвони музокироти сулҳ баргузор шуд, аммо аз он ҷо ки Ҳинд музокира дар мавриди вазъияти Кашмирро напазируфт ва бо ҳамлаи Амрико ба Ироқ нигарониҳои Ҳинд аз эҳтимоли дахолати Амрико дар умури Кашмир низ коҳиш ёфт, музокироти сулҳи Деҳлии Нав ва Исломобод камранг ва амалан мутаваққиф шуд.

Бо ин ҳол, гурӯҳҳои кашмирӣ, ҳамчунин Конфронси ҳуррият ба идомаи гуфтугӯҳои Ҳинду Покистон барои ҳалли асосии буҳрони Кашмир таъкид доранд ва бар ин эътиқоданд, метавонанд ба таҳаққуқи ин ҳадаф кӯмак кунанд. Аммо Ҳинд бо таъкид бар афзоиши нерӯҳои низомӣ ва идомаи ҳолати фавқулодда ва адами лағви ихтиёроти вижаи шароити низомии НАТО бо эъмоли сояи ваҳшат дар Кашмир саъй дорад, ин минтақаро таҳти контроли худ нигаҳ дорад. Ба ҳамин далел мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд аз ҳар фурсате барои эъломи эътирози худ истифода мекунанд.

Ба ҳар ҳол, эътирозҳо дар минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд дар ҳоле идома дорад, ки дар хушунатҳои ахири нерӯҳои ҳиндӣ беш аз 60 тан кушта ва ҳудуди 3 ҳазор нафар маҷрӯҳу масдум шудаанд. Аз дидгоҳи мақомоти Покистон, ин ба он маъно аст, ки хушунатҳои хунини нерӯҳои Ҳинд наметавонад монеъ аз идомаи эътирозҳои мардумӣ дар Кашмир нисбат ба сиёсатҳои Деҳлии Нав дар робита ба идомаи ҳузури нерӯҳои низомии Ҳинд дар ин минтақа шавад. Ба ҳамин далел Ҳукумати Покистон дар эътироз ба хушунатҳои ахири нерӯҳои Ҳинд дар Кашмир Рӯзи сиёҳ эълом кард.