Афзоиши неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон
(last modified Sat, 24 Feb 2018 11:31:38 GMT )
Феврал 24, 2018 16:31 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда, Амрико ҳамчунон дар ҳоли афзоиши неруҳои низомии худ дар Афғонистон аст.

Ба гуфтаи генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи неруҳои амрикоӣ ва НАТО мустақар дар Афғонистон, беш аз 800 низомии дигар аз воҳиди мушовирони вижаи артиши Амрико дар ҳафтаҳои оянда ба Афғонистон эъзом мешаванд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико роҳбурди низомии ин кишвар дар Афғонистонро идомаи ҳузури низомӣ барои муддати номаълум ва идомаи муқобила бо гурӯҳи Толибон, эълом кардааст.

Ба ҳамин далел, Амрико дар як соли ахир ба шакли чароғи хомӯш ва махфиёна неруҳои худро дар Афғонистон афзоиш додааст.

Амрико дар соли 2001 ба баҳонаи муқобила бо терроризм ба Афғонистон ҳамла ва ин кишварро ишғол кард.

Аммо натанҳо иқдоме дар ин хусус, аз ҷумла аз байн бурдани манобеи молии инҳо, ки тавлид ва қочоқи маводи мухаддир аст анҷом надод, балки барои таҳаққуқи аҳдофи худ бо мудирияти буҳрон, гурӯҳҳои террористиро дар Афғонистон тақвият кард.

Зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон ва интишори бархе гузоришҳо мабнӣ бар нақлу интиқоли аъзои он аз сӯи болгардҳои амрикоо дар ҳамин росто, қобили таваҷҷуҳ ва тааммул аст.

То қабл аз соли 2014 Амрико ва НАТО болиғ бар 130 ҳазор неруи низомӣ дар Афғонистон мустақар карда буданд, ки барои муқобила бо терроризм иқдоми ҷиддӣ сурат надоданд ва акнун Вашингтон чигуна мехоҳад бо ҳудуди 15 ҳазор неруи низомӣ, амниятро ба Афғонистон бозгардонд.

Аз ин рӯ, метавон гуфт, Амрико сирфан дар талош барои тақвият ва таҷҳизи пойгоҳҳои низомии худ дар манотиқи мухталифи Афғонистон аст ва эъзоми неруҳои низомии ҷадид низ мутаносиб бо зарфияти ин пойгоҳҳост, ки аҳдофе монанди ба мухотира андохтани амнияти минтақаро пайгирӣ мекунанд.

Дар ҳар ҳол, афзоиши нируҳои амрикоӣ дар Афғонистон ба унвони кишвари ишғолгар такрори таҷрибаи шикастхӯрда дар Афғонистон дар беш аз сад соли ахир аз сӯи артиш Англия ва артиши Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ аст, ки мардуми Афғонистон нишон доданд ба ҳеҷ унвон ишғолгарро намепазиранд.

Ҳамон гуна, ки Исмоилхон аз раҳбарони ҷиҳодии собиқ, низ ахиран ҳушдор дод, Амрико бояд аз сарнавишти ишғолгарон дар Афғонистон ибрат бигирад.

Ҳар чанд дар соли 2014 Барак Обама, раисиҷумҳури қаблии Амрико бо нигаронӣ аз табдил шудани Афғонистон ба Ветнами дигар барои Амрико, бахши зиёде аз неруҳои ин кишварро аз Афғонистон хориҷ кард.