Эрдуғон: Давлатмардони Амрико дурӯғгӯ ҳастанд
Раисиҷумҳури Туркия дар вокуниш ба изҳороти сухангӯи Вазорати дифои Амрико бинол бар қатли оми ғайри низомиёни сурӣ, тавассути неруҳои Туркия, гуфт, Вашингтон бо дурӯғгӯӣ ва беахлоқӣ дар садада зарба задан ба Анкара аст.
Ба гузориши ИРНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи гузашта дар гирдиҳамоии раисони устонии Ҳизби адолат ва тавсеа, рафтори дугонаи баъзе аз кишварҳои муттаҳиди Туркия, аз ҷумла Амрикоро риёкорона ва озордиҳанда тавсиф кард.
Раисиҷумҳури Туркия афзуд, амалёти артиши Туркия дар Африн-шимоли Сурия, алайҳи гурӯҳҳои курди мухолифи давлати Туркия, боиси нигаронии кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико шудааст.
Сухангӯи Вазорати дифои Амрико, ахиран тайи изҳороте Туркияро ба куштори ғайри низомиён дар шаҳри Африни Сурия, муттаҳам карда буд.
Эрдуғон изҳор дошт, давлатмардони Амрико дурӯғгӯ ва риёкор ҳастанд ба тавре, ки сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар бо бешармӣ ба интишори ахбори дурӯғ пардохта ва амалиёти “шохаи Зайтун”-и Туркияро алайҳи ғайри низомиён қаламдод кардааст.
Ҳамалоти артиши Туркия таҳти унвони "шохаи Зайтун" ба баҳонаи тақвияти амният ва субот дар марзҳои Туркия, аз 20 январи 2018 дар шаҳри Африн дар шимоли Сурия оғоз шуд.
Давлати Димишқ ин ҳамалотро таҷовузи ошкор ба хоки Сурия, эълом ва онро маҳкум кард.