Феврал 26, 2018 10:08 Asia/Dushanbe
  • Толибон масъули террори Гулафғон

Толибон масъулияти террори узви аршади Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон дар шаҳри Кобулро ба ӯҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Рафеуллоҳ Гулафғон, узви аршади Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон рӯзи шанбе дар ҳамлаи мусаллаҳона дар минтақаи Сарикутали Хайрхона, дар шимоли шаҳри Кобул кушта шуд.

Дар ин ҳамла ду муҳофизи вай низ кушта шуданд.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон эълом кард, ин узви аршади Ҳизби ҷамъияти исломӣ аз мушовирони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати Миллии ин кишвар, дар ҳоле, ки савори як мошини низомӣ буд, ҳадафи муҳоҷимон қарор гирифт.

Гулафғон сокини шаҳристони Қарабоғи Кобул ва аз фармондеҳони Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон буд.