Рабудани 19 мусофир дар Афғонистон аз сӯйи Толибон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i30585-Рабудани_19_мусофир_дар_Афғонистон_аз_сӯйи_Толибон
Нерӯҳои Толибон бомдоди имрӯз 19 мусофирро дар бузургроҳи Қандаҳор - Урузгон рабуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 28, 2018 11:38 Asia/Dushanbe
  • Рабудани 19 мусофир дар Афғонистон аз сӯйи Толибон

Нерӯҳои Толибон бомдоди имрӯз 19 мусофирро дар бузургроҳи Қандаҳор - Урузгон рабуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, мақомоти маҳаллии вилояти Қандаҳор рабуда шудани 19 мусофирро дар ин масир таъйид кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе манобеи дигар шумори афроди рабудашуда ба дасти Толибонро 30 нафар эълом кардаанд.

То кунун ҷузъиёти бештаре дар ин хусус ва ҳувияти афроди рабудашуда мунташир нашудааст.

Афғонистон дар як соли гузашта шоҳиди одамрабоиҳои зиёде будааст ва беш аз 100 нафар аз ронандагони мошинҳои боркаш ва ё бозаргонон рабуда шудаанд.