Дастрасии домоди Трамп ба санадҳои маҳрамона маҳдуд шуд
(last modified Wed, 28 Feb 2018 10:37:34 GMT )
Феврал 28, 2018 15:37 Asia/Dushanbe
  • Дастрасии домоди Трамп ба санадҳои маҳрамона маҳдуд шуд

Расонаҳои амрикоӣ аз қатъи дастрасии Ҷаред Кошнер(Jared Kushner)- домод ва мушовири Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба санадҳои фавқи маҳрамона дар ҳафтаҳои гузашта хабар доданд.

Ба гузориши рӯзномаи амрикоии Вашингтонпост яке аз ин санадҳо гузориши рӯзонаи раиси ҷумҳури Амрико аст, ки иттилооти ҳассосе аз ҷумла дар иртибот бо фаолияти ниҳодҳои амниятиро шомил мешавад.

Мақомоти огоҳ ба Вашингтонпост иттило доданд, Еч. Ор, МакМестер (H. R. McMaster)-мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико ба тозагӣ дар бораи фаолиятҳои хориҷ аз чорчуби расмии Кошнер бо мақомҳои кишварҳои хориҷӣ ҳушдор дода буд.

Бар асоси ин гузориш мақомоти баландпояи Кохи сафед нигаронанд набуди таҷрибаи сиёсӣ ва шабакаи печидаи равобити тиҷории Кошнер ӯро ба аҳруми фишоре дар дасти давлатҳои хориҷӣ табдил кунад.

Вашингтонпост афзуд: Ба тозагӣ мақомҳои Иморот, Чин, Мекзик ва режими саҳюнистӣ барои баҳраварӣ аз ин масъала ба таври маҳрамона ба баҳс ва машварат пардохта буданд.

Кошнер яке аз муҳимтарин чеҳраҳои дахлдор бо парвандаи дахолати иддаоии Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико аст ва ин мавзӯъ метавонад далели мустаҳкаме барои маҳдуд кардани нуфузи вай дар Кохи сафед бошад.

Пеш аз ин ҳам хабарҳое бар асоси дархости вакилони Трамп барои барканории Кошнер аз симатҳои давлатӣ мунташир шуда буд.