Ҳушдори Боку ба ширкаткунандагони маросими Истиқлоли Қарабоғ
(last modified Sat, 27 Aug 2016 10:54:00 GMT )
Август 27, 2016 15:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Боку ба ширкаткунандагони маросими Истиқлоли Қарабоғ

Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳонро аз ҳузур дар ҳамоиши 25-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ барҳазар дошт.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ҳикмат Ҳоҷиев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард, "ашхоси ба ин ҳамоиш даъватшударо ба эҳтиром ба қавонини байналамилалӣ ва худдорӣ аз сафари ғайриқонунӣ ба минтақаи ишғолшудаи Ҷумҳурии Озарбойҷон даъват мекунем". Вай афзуд, дар ғайри ин сурат он идда аз шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон, ки барои ҳузур дар ҳамоиши ёдшуда ба минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ сафар мекунанд, аз сӯйи Ҷумҳурии Озарбойҷон унсури номатлуб эълом хоҳанд шуд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин худдории шахсони сиёсию иҷтимоии бархе кишварҳоро барои мушорикат дар ҳамоиши оянда дар Қарабоғи Кӯҳӣ қобили қадрдонӣ хондааст.

Ногуфта намонад, ки бар асоси иттилои мунташиршуда, қарор аст, ҳамоиши 25-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Кӯҳӣ авохири моҳи ҷорӣ ва аввалҳои моҳи сентябр дар минтақаи ишғолии Қарабоғи Кӯҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шавад. Дар ин иртибот сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон иқдоми Ҳукумати Арманистонро барои баргузор кардани ҳамоиши 25-умин солгарди ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ дар ин минтақаи таҷзияталаби Ҷумҳурии Озарбойҷон, даъват аз мақомҳои сиёсии собиқ, ашхоси иҷтимоӣ, намояндагони парлумонҳои бархе кишварҳо ҷиҳати ҳузур дар ин ҳамоиш харобкорӣ ва латмае ба раванди гуфтугӯҳои сулҳи Қарабоғ унвон кард. Ӯ афзуд, ин иқдоми Арманистон дар шароити ҳассоси феълӣ ба таниши авзоъ дар минтақа доман мезанад ва ҳадафи таблиғи як режими тақаллубии мавҷуд дар минтақаи ишғолшудаи Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар дастури кор дорад.

Дар пайи изҳороти сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷеймз Варлик, раиси амрикоии "Гурӯҳи Минск"-и Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ эълом кард, ин созмон ҷумҳурии худхондаи Қарабоғро ба расмият намешиносад. Ба гузориши хабаргузори АПА, Ҷеймз Варлик 25 август дар бораи баргузор шудани маросими 25-умин солгарди таъсиси ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ гуфт, мавзеи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳурӣ мушаххас аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз мавзеи худ барнамегардад. Ҷеймз Варлик ҳамчунин бо ишора ба ин ки худи Ҳукумати Арманистон низ ҷумҳурии худхондаи Қарабоғро ба расмият нишнохтааст, афзуд, талоши "Гурӯҳ Минск" ироаи роҳкорҳои стратегӣ ба манзури ҳалли муноқишаи арзӣ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аст ва дар ин росто дидори руасои ҷумҳурии ду кишвар зарурӣ ба назар мерасад.

Эъломи  мавзеи раиси амрикоии "Гурӯҳи Минск"-и Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар иртибот ба баргузор шудани ҳамоиш дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ дар ҳолест, ки Франк Ангел, намояндаи парлумони Урупо аз Люксембург тайи рӯзҳои ахир аз манотиқи ишғолии Қарабоғ боздид кард. Ба гузориши пойгоҳи хабарии "News.am", намояндаи парлумони Урупо зимни боздид аз манотиқи ишғолии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар дидор бо Баку Саҳакиян, раисҷумҳури худхондаи Қарабоғ масоили марбут ба ислоҳоти Қонуни Асосии ин ҷумҳурии худхондаро баррасӣ кардааст. Франк Ангел дар мусоҳиба бо "News.am" эълом кардааст, нисбат ба оҳангҳои тақвияти демократӣ дар Қарабоғ тардид ба вуҷуд намеояд.

Коршиносон мавзеъгирии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо мабнӣ бар ҳимоят аз тамомияти арзии Ҷумҳурии Озарбойҷон, сафарҳои пай дар пайи намояндагони парлумони Урупоро ба минтақаи ишғолии ин кишвар муғойир ва мавзеъгирии дугонаи Ғарб дар заминаи муноқишаи арзии Боку ва Ереван медонанд.