Интиқоди Лавров аз сӯиистфодаи қудратҳо аз ҳуқуқи башар
https://parstoday.ir/tg/news/world-i30611-Интиқоди_Лавров_аз_сӯиистфодаи_қудратҳо_аз_ҳуқуқи_башар
Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, бархе қудратҳо бо ҳадафи касби манофеъ ва фишор бар дигар кишварҳо, аз ҳуқуқи башар сӯиистфода мекунанд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 28, 2018 21:58 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Лавров аз сӯиистфодаи қудратҳо аз ҳуқуқи башар

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, бархе қудратҳо бо ҳадафи касби манофеъ ва фишор бар дигар кишварҳо, аз ҳуқуқи башар сӯиистфода мекунанд.  

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женеваи Швейтсария гуфт, Маскав ба ҳимоят аз артиши Сурия барои шикасти комили таҳдиди террористҳо дар ин кишвар идома хоҳад дод.

Лавров таъкид кард, кишвараш барои муқобила бо меъёрҳои дугона дар бораи Сурия талош мекунад.

Вай афзуд: Бархе аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар ба баҳонаи озодии баён ҳозир нестанд, терроризми байналмилалиро маҳкум кунанд.  

Лавров ҳамчунин гуфт, Русия ва давлати Сурия барои вуруди кумакҳо ба минтақаи Ғута, гузаргоҳҳои амн эҷод кардаанд, аммо гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳамчунон ба ҳамла ба ин минтақа идома медиҳанд.