Донишгоҳи амрикоӣ: Докторантураи ифтихории Трамп ботил шавад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i30615-Донишгоҳи_амрикоӣ_Докторантураи_ифтихории_Трамп_ботил_шавад
Ҳайъати илмии донишгоҳи lehigh дар Пенсилванияи Амрико, хостори лағв мадраки ифтихории ин донишгоҳ шуд, ки дар соли 1988 ба Доналд Трамп, раисҷумҳури кунунии Амрико эҳдо шуда буд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 28, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳи амрикоӣ: Докторантураи ифтихории Трамп ботил шавад

Ҳайъати илмии донишгоҳи lehigh дар Пенсилванияи Амрико, хостори лағв мадраки ифтихории ин донишгоҳ шуд, ки дар соли 1988 ба Доналд Трамп, раисҷумҳури кунунии Амрико эҳдо шуда буд.  

Аъзои ҳайъати илмии донишгоҳи 153 солаи lehigh чунин истидлол кардаанд, ки иқдомоти Трамп дар чорчуби меъёрҳои ин донишгоҳ нест.

Трамп ба иллати суханрони дар бораи СПИД ва мушкилоти Амрико дар муқобили таҳдиди рақибони хориҷӣ, муваффақ ба дарёфти мадраки ифтихории ин донишгоҳ шуда буд.

Донишгоҳи Абердин низ, ки як ниҳоди таҳқиқотӣ дар шаҳри Абердини Шотландия аст, докторантураи ифтихории Трампро ботил кард.