Дархости Трамп барои тасвиби қонуни пешгирӣ аз тирандозӣ дар мактабҳои Амрико
(last modified Thu, 01 Mar 2018 05:07:59 GMT )
Март 01, 2018 10:07 Asia/Dushanbe
  • Дархости Трамп барои тасвиби қонуни пешгирӣ аз тирандозӣ дар мактабҳои Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи чаҳоршанбе аз намояндагони Конгресси Амрико, ки дорои дидгоҳҳои мутафовите дар бораи назорати аслиҳа дар ин кишвар ҳастанд, хост, қонунҳои фарогиреро барои пешгирӣ аз тирандозӣ дар мактабҳо тасвиб кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин дархост дар пайи фишорҳо бар давлати Амрико барои таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масъалаи назорати силоҳ баъд аз кушта шудани 17 донишомӯз дар дабиристон (мактаб)-е дар иёлати Флорида бар асари як ҳодисаи тирандозӣ дар 14-уми феврали 2018 матраҳ шудааст.

Трамп, ки дар даврони рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико аз ҳимояти Анҷумани миллии силоҳ дар ин кишвар бархурдор буд, аз эҳтиёт кор мегирад то раъйдиҳандагонеро, ки мухолифи назорати аслиҳа ҳастанд, хашмгин накунад. Ба хусус он ки интихоботи моҳи ноябр, ки назорати Ҳизби ҷумҳурихоҳ бар конгресс дар он маҳак хоҳад хурд, дар пеш аст.

Раиси ҷумҳурии Амрико хитоб ба намояндагони конгресси ин кишвар гуфт, акнун замони таваққуфи қатлҳо дар мактабҳост.

Вай ҳамчунин эълом кард, мувофиқи назорати собиқаи харидорони силоҳ ва низ афзоиши синни қонунӣ хариди силоҳ аз 18 сол ба 21 сол аст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзномаи амрикоии «Лос-Анҷелес Таймз» аз мухолифати Анҷумани миллии силоҳи Амрико бо дархости Трамп дар бораи афзоиши маҳдудияти синнии харидорони силоҳ хабар додааст.

Бо вуҷуди дархости гурӯҳҳои ҳомӣ ва мудофеи ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Амрико, ба иллати қудрати лоббии аслиҳа, то кунун ҳеҷ як аз давлатҳои ба сари қудратомадаи Амрико муваффақ ба қабули қонун дар хусуси маҳдудияти фурӯши силоҳ дар ин кишвар нашудаанд.