Март 01, 2018 10:45 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии намояндаи Сурия дар СММ дар бораи Шӯрои амният

Намояндаи Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид аз талоши аъзои ғарбии Шӯрои амнияти ин созмон барои кумак ба террористҳо парда бардошт.

Ба гузориши ИРНА, Башор Ҷаъфарӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, аъзои ғарбии Шӯрои амният тааҳҳуди воқеӣ барои мубориза бо терроризм надоранд.

Ҷаъфарӣ гуфт, онҳо се рӯз бо намояндагони Русия ва Сурия дар СММ музокира карданд то номи ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусраро аз қатъномаи оташбас хориҷ кунанд.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи шанбе бо раъйи ҳамаи аъзои доим ва ғайридоими худ Қатъномаи 2401-ро барои иҷрои оташбаси 30 - рӯза дар Сурия ва эҷоди дастрасии башардӯстона ба манотиқи таҳти муҳосира тасвиб кард.

Бо фишори Русия, гурӯҳҳои террористии Алқоида, Ҷабҳаи Аннусра, ДИИШ ва дигар гурӯҳҳое, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро террористӣ шинохтааст, аз зери чатри ҳимояти ин оташбас берун рафтанд.

Намояндаи Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид дар айни ҳол таъкид кард, ниёз аст, ки ҷони ҳамаи инсонҳо дар Сурия муҳим бошад, на фақат иддае хос.