Нигоҳе ба чолишҳои амниятӣ дар равобити Ҳинд, Покистон ва Афғонистон
(last modified Sat, 27 Aug 2016 13:14:24 GMT )
Август 27, 2016 18:14 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳе ба чолишҳои амниятӣ дар равобити Ҳинд, Покистон ва Афғонистон

Дар ҳоле, ки давлати Афғонистон ҳамвора эълом кардааст, сиёсати мубтанӣ бар равобити мутавозин бо Покистон ва Ҳиндро думбол мекунад, давлати Исломобод аз Афғонистон хост дар муқобили истифодаи Ҳиндустон аз хоки ин кишвар барои зарба задан ба Покистон биистад.

Нафис Закариё, сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон дар баёнияе эълом кард, ҳамкорӣ миёни Деҳлии нав ва Кобул набояд боиси зарару зиёни Покистон шавад. Ин баёния ду рӯз пас аз он содир шуд, ки гузорише дар бораи ирсоли силоҳ аз сӯи Ҳинд барои давлати Афғонистон ҷиҳати муқобила бо шибҳи низомёни мухолиф мунташир шуд.

Ин дар хости давлати Покистон аз Афғонистон дар ҳоле матраҳ шуд, ки ахиран пас аз ҳамла ба донишгоҳи Кобул, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ-раисҷумҳури ин кишвар эълом кард, ки ин ҳамла дар он сӯи хати Дюранд, яъне дар хоки Покистон барномарезӣ шудааст. Роҳил Шариф-фармондеҳи нерӯи заминии артиши Покистон ҳам дар посух ба ин иддаои Ашраф Ғанӣ эълом кард, "ҳаргиз иҷоза намедиҳем аз хоки ин кишвар барои ҳар гуна ҳамлаи террористӣ алайҳи Афғонистон истифода шавад".

Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, тарҳи иттиҳомоти Афғонистон зидди Покистон ва беэътимодии ин кишвар дар мавриди паёмадҳои равобити Кобул бо Деҳлии нав нишон медиҳад, ки масъалаи амният муҳиммтарин гиреҳи печидаи равобити се кишвари Афғонистон, Ҳинд ва Покистон аст ва то замоне, ки ин кишварҳо дар ҷиҳати эътимодсозӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ гом барандоранд, бадгумонӣ ва беэътимодӣ сояи худро бар равобити онҳо ҳифз хоҳад кард. Вазъияте, ки паёмади он, ташдиди таниш миёни Ҳинд, Покистон ва Афғонистон аст.

Ин дар ҳоле аст, ки терроризм ва ифротгароӣ чолиши муштараки се кишвар аст, аммо токунун барои муқобила бо он иқдом ва ҳамкории муштарак надоштаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Покистон, Афғонистонро ба гунае ҳаёти хилвати худ медонад бо тавсеаи нуфузи Ҳинд дар ин кишва ба шиддат мухолиф аст ва ҳамин мавзӯъ боис шудааст, ки Деҳлӣ Нав низ ҳар гуна ҳамла ба шаҳрвандони Ҳинд дар Афғонистонро ношӣ аз дасисаи Покистон талаққӣ кунад.

Покистон низ бароин эътиқод аст, ки Ҳиндустон бо ирсоли силоҳ барои давлати Афғонистон ба гунае дар як ҳамкории муштарак, дарсадади тақвияти гурӯҳҳои мухолифи давлати Покистон аст. Ин дар ҳоле аст, ки Афғонистон ҳамвора эълом кардааст, дар равобити худ бо Ҳинд ва Покистон мекушад тавозунро риоят кунад.

Илова бар ин, аз дидгоҳи бархе аз нозирони сиёсӣ тавсеаи равобити Ҳинд ва Афғонистон бахусус дар бахшҳои низомӣ ва амниятии ношӣ аз сархӯрдагӣ ва ноумедии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, аз равобит бо Покистон аст. Ду сол пеш, ки Ашраф Ғанӣ ба унвони раисиҷумҳури Афғонистон савганд ёд кард бар ин эътиқод буд, ки роҳи сулҳи Афғонистон аз Покистон мегузард ва бо вуҷуди тавсеаи равобит миёни Деҳлии нав ва Кобул дар замони риёсатҷумҳурии Ҳомид Карзай, Ашраф Ғанӣ барои тавсеаи равобит бо Покистон фарши қирмиз паҳн кард. Аммо дар амал ва дар ниҳоят раисиҷумҳури Афғонистон ба ин натиҷа расид, ки мушкилоти амниятии Афғонистон реша дар Покистон дорад ва ба ҳамин далел ахиран ҳамалоти лафзии тундеро зидди Покистон матраҳ кард. Бино бар ин аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ дар Афғонистон, гиреҳи печидаи амниятӣ дар минтақа ва умдатан миёни Покистон, Ҳинд ва Афғонистон бо эътимодсозӣ аз сӯи Исломобод ва тавсеаи ҳамкорӣ миёни Покистон бо Ҳинд қобили ҳал аст. Зеро таниш дар равобити ду кишвар бар равобити онҳо бо соири кишварҳо низ соя афкандааст, ки илова бар Афғонистон, дар миёни аъзои  Анҷумани  Осиёи Ҷанубӣ барои Ҳамкории минтақавӣ (SAARC) низ қобили ишора ва мушоҳидааст.