Март 01, 2018 12:33 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди раисҷумҳури Афғонистон барои ба расмият шинохтани Толибон

Раисҷумҳури Афғонистон барои нахустин бор эълом кард, Толибон бояд ба унвони гурӯҳи сиёсии қонунӣ ба расмият шинохта шавад.

Ашраф Ғанӣ дар суханоне дар Конфронси байналмилалии сулҳи Афғонистон дар Кобул гуфт:

“Дар чорчуби бахше аз фароянди сулҳ пешниҳоде, ки дар ниҳоят мунҷар ба музокироти сулҳ ва поёни ҷанг дар ин кишвар хоҳад шуд, Толибон бояд ба унвони гурӯҳи сиёсӣ ва қонунӣ ба расмият шинохта шавад”.

Ашраф Ғанӣ дар идома таъкид кардааст:

“Толибон низ бояд давлати Афғонистонро ба расмият бишносад”.

Раисҷумҳури Афғонистон ҳамчунин гуфт, давлати ин кишвар омодааст, бидуни ҳеҷгуна пешшарт бо Толибон музокира кунад.

Ашраф Ғанӣ чанде пеш бо ишора ба ташдиди хушунатҳо тавассути Толибон гуфта буд, сулҳи воқеӣ дар Афғонистон танҳо дар майдони ҷанг ҳосил хоҳад шуд.

Тағйири мавзеи Ашраф Ғанӣ зимни онки то ҳудуде тааҷҷуббарангез шудааст, ин дидгоҳро матраҳ карда, ки вай ба ин натиҷа расида, ки ҷанг ва истифода аз абзори низомӣ роҳҳалли буҳрон дар ин кишвар нест.

Ба андешаи Ашраф Ғанӣ, бояд сулҳ аз тариқи гуфтугӯ байн тарафҳои даргир ҳосил бишавад.  

Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ин дидгоҳ ҳам вуҷуд дорад, ки пайгирии ҳамзамони ду сенарияи мубориза ва музокира бо Толибон метавонад раҳёфте таркибӣ барои хуруҷ аз буҳрони амният дар Афғонистон бошад.

Бар мабнои ин рӯйкард, мавқеияти Толибон чунончи дар осори ҷанг тазъиф шуда ва фарсоишӣ шудани ҷанг ҳам ба коҳиши рӯҳияи нерӯҳои ин гурӯҳ мунҷар бишавад, онон тамоюл ба вуруд ба раванди сулҳ дар Афғонистонро пайдо мекунанд.

Ин замина бо мушаввиқҳое, ки дар суханони Ашраф Ғанӣ дар Нишасти байналмилалии сулҳ дар Кобул ба онҳо ишора шуда, фароҳам мешавад.  

Ба назар мерасад, раванди сулҳ дар Афғонистон ба далели вобастагии он ба мутағайирҳои хориҷӣ ва нақши бозигарони фаромиллӣ, ба шиддат душвор ва печида аст.