Март 01, 2018 18:25 Asia/Dushanbe
  • Иқболи интихоботии 70 дарсадии мардуми Русия ба Путин

Тибқи ҷадидтарин назарсанҷии Бунёди саросарии санҷиши афкори умумии Русия, беш аз 80 дарсади шаҳрвандони Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат мекунанд ва 70 дарсади онҳо ба Путин, раъй медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории «ТАСС», бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, Павел Грудинин, тоҷир ва намояндаи Ҳизби коммунисти Русия, ҳафту ним дарсади оро ва Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия, 5.9 дарсади ороро доранд.

Ҳамчунин аз шаш як ҳисаи мардуми Русия, ҳозиран ба Ксения Собчак, муҷрии зани телевизион ва номзади ғарбгарои ҳизби «Ибтикори шаҳрвандӣ», раъй бидиҳанд.

Ин назарсанҷӣ дар ду марҳала, дар бозаи замонии 19 то 22 феврал ва 24 то 26 феврал анҷом гирифт.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, 18 марти 2018 баргузор мешавад.

 

Барчасп