Март 01, 2018 19:38 Asia/Dushanbe
  • Толибон дархости музокироти сулҳро напазируфт

Гурӯҳи Толибон дархости сулҳи давлати Афғонистон дар конфронси байналмилалии Кобулро рад кард ва онро як “тавтеа”, дар баробари ин гурӯҳ донист.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Кобул , як рӯз пас аз конфронси байналмилалии Кобул, гурӯҳи Толибон бо интишори номае, дархости сулҳи конфронси байналмилалии Кобул ва дигар талошҳои сулҳро, ғайримантиқӣ ва ҳадаф аз ин талошҳоро «таслим шудан»-и гурӯҳи Толибон донист.

Гурӯҳи Толибон хитоб ба Барнетт Рубин, дипломати собиқи амрикоӣ бар ҳаққонияти ҷанги ин гурӯҳ, таъкид кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Барнетт Рубин рӯзи чаҳоршанбе бо интишори номае, хитоб ба гурӯҳи Толибон эълом кард, нишон диҳед, ки тааҳҳуди шумо ба музокирот, мустақил ва воқеӣ аст.

Аммо гурӯҳи Толибон дар посух ба дархости вай, Афғонистонро ишғол шуда хонд ва афзуд, пешниҳоди шумо бино бар музокира бо давлати Кобул ва машрӯъ донистани он, ҳамон роҳкори Амрико барои пирӯзӣ дар ҷанг аст.

Ин гурӯҳ дар номаи худ, идомаи ҷанг ва талафоти ғайринизомиёнро ношӣ аз ҳамалоти ҳавоӣ ва амалиёти заминии неруҳои амрикоӣ донист.