Путин шурӯи ҷанги сарди ҷадидро рад кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i30685-Путин_шурӯи_ҷанги_сарди_ҷадидро_рад_кард
Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯ бо як шабакаи амрикоӣ бурузи ҷанги сарди ҷадидро рад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 02, 2018 14:19 Asia/Dushanbe
  • Путин шурӯи ҷанги сарди ҷадидро рад кард

Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯ бо як шабакаи амрикоӣ бурузи ҷанги сарди ҷадидро рад кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Владимир Путин гуфт: "Ба назари ман, афроде, ки гуфтаанд, як ҷанги сарди ҷадид шурӯъ шудааст, таҳлилгар нестанд".

Путин дар суханронии солонаи худ эълом кард, Русия силоҳҳои ҷадиде бо қобилиятҳои ҳастаӣ сохтааст, ки ҳама ин силоҳҳо ба роҳатӣ аз сомонаҳои дифоӣ убур мекунанд. Раисҷумҳури Русия таъкид кард, қудратҳои бузург ба ҷойи таҳдиди якдигар бояд талошҳои худро барои дифоъ дар муқобили террористҳо якпорча кунанд.

Пеш аз ин раиси собиқи ситоди коркунони Вазорати дифои Амрико ва СМҶ (ЦРУ) дар давраи Барак Обама, раисҷумҳури пешини ин кишвар гуфта буд: “Шоҳиди хезиши Русия ҳастем ва ин амр метавонад ба бурузи як ҷанги сарди ҷадид мунҷар шавад”.