Мухолифати Трамп бо Қонуни контроли силоҳ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i30689-Мухолифати_Трамп_бо_Қонуни_контроли_силоҳ
Бар хилофи эътирозоти густурда ба озодии ҳамли силоҳ дар Амрико раисҷумҳури ин кишвар бо Қонуни контроли силоҳ мухолифат кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 02, 2018 18:33 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Трамп бо Қонуни контроли силоҳ

Бар хилофи эътирозоти густурда ба озодии ҳамли силоҳ дар Амрико раисҷумҳури ин кишвар бо Қонуни контроли силоҳ мухолифат кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Доналд Трамп дар нишасте бо Анҷумани миллии силоҳ ба рағми изҳороти рӯзи қаблияш дар Кохи Сафед эълом кард, бо Қонуни контроли силоҳ мухолиф аст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл Трамп дар нишасти муштарак бо намояндагони Конгресс аз ҳизбҳои ҷумҳурихоҳ ва демократ бо эъломи ҳимоят аз Қонуни ташдиди контроли силоҳ қонунгузоронро мутааҷҷиб ва шигифтзада карда буд.

Крис Кокс (Chris Cox), мудир иҷроияи Анҷумани миллии силоҳи Амрико бо таъкид бар лузуми эҷоди амният дар мадорис ва ҷилавгирӣ аз дастрасии беморони рӯҳӣ ба силоҳ гуфт, раисҷумҳури ин кишвар ба дунболи контроли силоҳ нест.

Трамп бузургтарин ҳомии лобии аслиҳа дар Амрико аст ва ҳамвора аз манофеи тавлидкунандагону тоҷирони силоҳ дар ин кишвар ҳимоят мекунад.

15-уми феврали имсол ҷавони 19-солае ба дабиристоне дар шаҳри Паркланди иёлати Флорида ҳамла карда, 17 донишомӯзро кушт.