Март 02, 2018 20:25 Asia/Dushanbe
  • Духтари Трамп – зери заррабини FBI

Духтари раисҷумҳури Амрико таҳти таҳқиқоти бахши зиддҷосусии Идораи таҳқиқоти федералии Амрико қарор гирифт.

Ба гузориши  CNN, маъмурони зиддҷосусии FBI дар ҳоли таҳқиқ дар бораи силсилае аз муомилоти тиҷории марбут ба Иванка Трамп, духтар ва мушовири раисҷумҳури Амрико бо ширкатҳои хориҷӣ ҳастанд.

Ин таҳқиқот бахше аз баррасиҳои марбут ба салоҳияти амниятии коркунони Кохи Сафед аст, ки бисёре аз онҳо бо тайидияи амниятии муваққат дар ҳоли кор ҳастанд. Ин таҳқиқ барои он аст, ки мушаххас шавад, Иванка Трамп ва ҳамсараш Ҷаред Кушнер, ки ҳарду ба унвони мушовири раисҷумҳури Амрико дар ҳоли фаъолият ҳастанд, ба иллати муомилоте, ки дар иртибот бо меҳмонхонаи мутааллиқ ба ширкати Трамп дар Ванкувери Канада бо шаҳрвандони хориҷӣ доштаанд, аз сӯйи дигар кишварҳо таҳти фишор набошанд.  Яке аз афроди тарафи муомила бо ширкати Трамп иртиботи наздике бо давлати Чин дорад ва пештар низ гузоришҳое аз талоши Пекин перомуни истифода аз шабакаи тиҷории Ҷаред Кушнер барои таҳти фишор қарор додани ӯ мунташир шудааст.

Дар сурати радди салоҳияти ҳар яке аз ду мушовири Трамп робитаи сабабии миёни онон мумкин аст, мунҷар ба радди салоҳияти дигаре низ шавад.