Вокуниши Русия ба иттиҳоми истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия
(last modified Fri, 02 Mar 2018 15:54:53 GMT )
Март 02, 2018 20:54 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Русия ба иттиҳоми истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия

Сафорати Русия дар Амрико иддаои Вашингтонро мабнӣ бар масъулияти Маскав дар бакоригирии силоҳи кимиёӣ дар Сурия бешармона хонд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, сафорати Русия дар Амрико дар баёнияе эълом кард, иддаои ахири сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия аз сӯйи Русия беасос ва бисёр бешармона аст.

Ҳетер Ноерт (Heather Nauert), сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ин кишвар дар масъалаи истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия ҳанӯз таҳриме алайҳи касе эълом намекунад, аммо Русияро масъули истифодаи артиши Сурия аз маводи заҳролуд медонад.

Сухангӯи сафорати Русия дар Амрико тасреҳ кард, Вашингтон аз иддаои беасоси истифодаи маводи заҳролуд аз сӯйи Димишқ ба унвони абзоре барои муҳандисии геополотика зидди Сурия истифода мекунад. Дар баёнияи ин сафорат таъкид шуда, ки давлати Амрико ҳеҷ гоҳ мадраке дар ин маврид ироа накардааст ва ин иддаоҳоро барои тавҷеҳи ҳамла ба мавозеи артиши Сурия тарҳ мекунад.