950 ҳамла алайҳи мусулмонон дар Олмон лар соли 2017
(last modified Sat, 03 Mar 2018 07:28:54 GMT )
Март 03, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • 950 ҳамла алайҳи мусулмонон дар Олмон лар соли 2017

Вазорати кишвари Олмон аз сабти камаш 950 мавриди ҳамла алайҳи мусулмонон ва муассисоти исломӣ дар ин кишвар дар соли 2017 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Ройтер, Вазорати кишвари Олмон бо иттилооте, ки аз сӯи қонунгузорон ироа шуда эълом кард: Аз маҷмуъи кулли ҳамалот 60 маврид мустақиман алайҳи масҷидҳо анҷом гирифтааст.

Бар асоси ин гузориш дар ин ҳамлаҳо 33 нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Айман Мазик - раиси Шурои марказии мусулмонон таъкид кард, бо таваҷҷуҳ ба инки назорате бар ҳамалоти зиддиисломӣ вуҷуд надорад ва қурбониён шикояте танзим намекунанд, шумори ҳамлаҳо ба мусулмонон ва муассисоти исломӣ бисёр бештар аз ин рақам аст.

Ислом дуввумин дин дар Олмон ва ҳудуди панҷ миллиону чаҳор даҳуми дарсад яъне қариб ба чаҳору ним миллион нафар аз ҷамъияти ин кишвар мусулмон ҳастанд.

Пештар низ давлати Олмон дар иқдомоти исломситезона монанди мамнуъияти пахши азон дар яке аз масҷидҳои ғарби ин кишвар маҳдудиятҳоеро алайҳи мусулмонон ва фарзҳои динии онҳо ба вуҷуд овардаанд.