Коҳиши саҳми муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди Русия дар дастури кор
Муовини нахуствазири Русия бар зарурати коҳиши теъдоди муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди ин кишвар таъкид кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, Олга Галадос дар нишасте дар ин бора гуфт: Барои маҳдуд кардани дастрасии нерӯи кори хориҷӣ ба бозори иштиғоли Русия барномаҳое дар дасти иқдом аст.
Вай афзуд: Барои мисол дар соли 2015 саҳми муҳоҷирони хориҷӣ дар бахши мусофирбарӣ 50 дарсад буд, ки имрӯза то 28 дарсад коҳиш ёфтааст ва ин раванд идома дорад.
Галадос изофа кард: Дар соли 2015 саҳми нерӯи кори хориҷӣ дар бахши тиҷорат 25 дарсад буд; аммо дар ҳоли ҳозир ба 15 дарсад расидааст.
Муовини нахуствазири Русия таъкид кард: Мо бояд талошҳо барои коҳиши тадриҷии ин шохисро бо дарназар гирифтани авлавиятҳои иқтисодии кишвар анҷоми диҳем.