Март 03, 2018 15:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои муштараки пажӯҳишии Ӯзбакистон ва Амрико дар Осиёи Марказӣ

Ӯзбакистон ва Амрико бо имзои санаде, тавофуқ карданд дар мавриди Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои муштараки пажӯҳишӣ анҷом диҳанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, ин ёддошти тафоҳум шаби гузашта аз сӯйи Владимир Норов, раиси Маркази мутолеоти стратегӣ ва минтақаии Ӯзбакистон ва Марлен Ларюэл, мудири барномаи Осиёи Марказӣ вобаста ба Донишгоҳи  Ҷорҷ Вашингтони Амрико ба имзо расид.

Бар асоси ин ёддошт, ду тараф илова бар пажӯҳишҳои муштарак, иқдом ба баргузории конфронсҳои илмӣ ва амалӣ ва мизигирдҳои ҷудогона дар робита бо тавсеаи байналмилалӣ ва амнияти минтақаӣ хоҳанд кард.

Ларюэл дар бораи ин ёддошт гуфт, амрикоиҳо нисбат ба ислоҳоти дар ҳоли анҷом дар заминаи беҳбуди системаи мудирияти давлатӣ ва иҷтимоӣ, ислоҳи низоми қазоӣ ва ҳуқуқӣ, ҳусули ризоияти миллӣ ва мудорои мазҳабӣ ва сиёсатҳои минтақаии Ӯзбакистон алоқаи зиёде нишон доданд.

Вай идома дод: “Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон фаъолиятҳои таҳқиқотӣ дар мавриди таҳаввулоти Осиёи Марказӣ анҷом дода ва ба думболи барқарории иртибот ва ҳамкорӣ бо муассисоти мутолеотии кишварҳои минтақа ва баргузории нишаст ва ҳамоиш бо ҳузури намояндагони сиёсии мост”.

Ин барнома панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин Афғонистон, Озарбойҷон, Синкиёнги Уйғури Чин ва Муғулистонро пӯшиш медиҳад.

Фароҳам кардани заминаи иртибот ва таомул байни коршиносон ва пажӯҳишгарони Амрико, Аврупо, Русия ва Осиёи Марказӣ дар қолаби проектҳои мухталиф аз дигар аҳдофи барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон аст.