Март 03, 2018 18:56 Asia/Dushanbe
  • Тороҷи маъданҳои Афғонистон аз сӯи низомиёни амрикоӣ ва Толибон

Узви Маҷлиси сенати Афғонистон гуфт, низомиёни амрикоӣ ва Толибон саргарми истихроҷ ва тороҷи маъданҳои вилояти Ҳилманд ҳастанд.

Намояндаи мардуми Ҳилманд дар Маҷлиси сенати Афғонистон афзуд, асноде вуҷуд дорад, ки низомиёни амрикоӣ дар минтақаи Хонишин дар наздикии маъдани “Ураниум”-и вилояти Ҳилманд, пойгоҳе эҷод кардаанд ва шабонарӯз дар ҳоли тороҷи он, ҳастанд.

Ҳошимхон Алкузей афзуд, дар канори низомиёни амрикоӣ, Толибон низ дар бархе манотиқи дӯрафтодаи устони Ҳилманд дар ҳоли истихроҷ маодин аст.

Пеш аз ин бархе аъзои Маҷлиси намояндагони Афғонистон низ аз эҳтимоли тороҷи маъданҳои устони Ҳилманд тавассути низомиёни амрикоӣ, ибрози нигаронӣ карда буданд.

Пештар эълом шуда буд, Толибон дар соли 2016 фақат дар устони шарқии Нангарҳори Афғонистон аз истихроҷи як маъдан, 46 миллион доллар даромад касб кардааст.