Март 03, 2018 20:11 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии Маскав дар бораи кумаки Амрико ба террористҳо дар Сурия

Муовини вазири дифои Русия аз талоши неруҳои амрикоӣ ба манзури эҷоди фазои амн барои террористҳо дар шарқи Сурия, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Александр Фомин, муовини вазири дифои Русия, имрӯз шанбе дар мусоҳиба бо шабакаҳои хабарии ин кишвар гуфт, неруҳои амалиёти вижаи Амрико ва дигар ягонҳои низомии фаъол дар Сурия, ба эҷоди фазои амн барои фаъолияти террористҳо дар минтақаи Ал Танаф дар шарқи Сурия, кумак мекунанд.

Фомин тасреҳ кард, Вашингтон аз минтақаи таҳти контроли худ дар шарқи Сурия, ба унвони маъмане барои таъмини амнияти террористҳо истифода мекунад.

Ин мақоми рус дар бораи авзоъ дар минтақаи амниятии 55 километрии наздики минтақаи маскунии Ал Танаф дар шарқи Сурия, ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, террористҳо бо кумаки неруҳои амрикоӣ, аз ин минтақа дар муҷовирати марзи Ироқ барои тадоруки ҳамалоти худ истифода мекунанд.

Фомин тасреҳ кард, террористҳо ҳамаи ин иқдомотро зери назар ва ҳидояти неруҳои амалиёти вижаи Амрико ва дигар ягонҳои низомии эътилофи амрикоӣ дар минтақа, анҷом медиҳанд.

Муовини вазири дифои Русия ҳамчунин бо ишора ба буҳрони инсонӣ дар урдугоҳи оворагони Ал Ракибон дар атрофи Ал Танаф гуфт, ин вазъи асафбор ба иллати худдории низомиёни амрикоӣ аз судури муҷаввиз барои вуруди корвонҳои башардӯстона ба вуҷуд омадааст.

 

 

Барчасп