Март 04, 2018 12:39 Asia/Dushanbe
  • Алқоида масъулияти ҳамалоти террористии Буркина-Фасоро бар ӯҳда гирифт

Як гурӯҳаки вобаста ба гурӯҳи террористии Алқоида, шанбешаб масъулияти ҳамалоти рӯзи ҷумъа дар Уагадугу (Ouagadougou), пойтахти Буркина-Фасоро бар ӯҳда гирифт.

Дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ, рӯзи ҷумъа ба сафорати Фаронса дар Уагадугу дастикам 28 нафар кушта шуданд.

Ҳамчунин рӯзи ҷумъа як инфиҷор наздики бинои маркази фармондеҳии артиши Фаронса дар пойтахти Буркина-Фасо рӯй дод, ки дар ин ҳамла низ шуморе кушта ва захмӣ шуданд.

Созмони Милал ва бисёре аз кишварҳо ин ҳамалоти террористиро маҳкум карданд.

Ин ҳамалот дар ҳоле сурат гирифт, ки Буркина-Фасо ва дигар кишварҳои соҳили Африқо бо мушкилот ва масоили бисёре ба лиҳози амниятӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Ҳузур ва мудохилоти кишварҳои ғарбӣ дар минтақаи соҳили Африқо, низ бар мушкилоти кишварҳои ин минтақа, афзудааст.