Март 04, 2018 18:43 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони британияӣ хостори лағви сафари валиаҳди Саудӣ ба Лондон шуданд

Шаҳрвандони британияӣ бо роҳандозии тӯморе ва бо ишора ба ҷиноёти режими Саудӣ алайҳи мардуми мазлуми Яман, хостори лағви сафари валиаҳди Саудӣ ба Лондон шуданд.  

Мухолифони сафари Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Саудӣ ба Лондон, пойтахти Британия, тӯмореро дар сайти парлумони ин кишвар ба роҳ андохтаанд, ки дар он аз Тереза Майи нахуствазир хоста шуда, ки даъват аз валиаҳди Саудиро пас бигирад.

Дар матни ин тӯмор омадааст, режими Арабистони Саудӣ яке аз бадтарин савобиқи мустанади ҳуқуқ башариро дар ҷаҳон дорад.

Ин тӯмор бо ишора ба ҷиноёти режими Саудӣ дар Яман ва ба хоку хун кашидани занон ва кӯдакони мазлуми яманӣ овардааст, валиаҳди Саудӣ бомбборони Яманро ҳидоят карда ва боиси кушта ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо ҳазор нафар, қаҳтии васеъ ва буҳрони инсонӣ дар ин кишвар шудааст.

Тӯмор токунун беш аз 11 ҳазор имзоро ба ҳамроҳ дошта ва агар ба беш аз сад ҳазор имзо бирасад, парлумон муваззаф аст, онро дар ҷаласае ба мунозира бигузорад.

 

Барчасп