Март 06, 2018 19:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳабси абад – муҷозоти қотили занҷираии занони рус

Маъмури собиқи пулиси Русия, ки ба куштани 19 зани рус муттаҳам шуда буд, пас аз як сол ба ҷиноятҳои худ эътироф карда, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Ба гузориши ИРНА, додгоҳи вилояти Новосибирск дар минтақаи Сибири Русия рӯзи сешанбе Евгении Чуплинскийи 52-соларо ба иттиҳоми қатли 19 зан ва низ як мавриди дуздӣ ба ҳабси абад бо тадобири амниятии шадид маҳкум кард. Ин қатлҳоро ӯ аз тирамоҳи соли 1998 то тобистони соли 2005  анҷом додааст.

Чуплинский иттиҳоми иртикоб ба қатлҳоро пазируфта ва дар бозсозии саҳнаҳои ҷиноят наҳваи куштани 19 занро тавзеҳ додааст. Ин қотили занҷираӣ, ки ҷасадҳоро пас аз сар буридан ва тикка-тикка кардан баъзан аломатгузорӣ мекард, худро "омили поксозӣ" хонда ва гуфта буд, ки ҷаҳонро аз вуҷуди занони ҳарза ва сабуксар пок кардааст.

Маъмурони пулис ва додситонӣ чанд сол ба дунболи қотили занҷираии занони Русия буданд ва дар ин муддат беш аз панҷ ҳазор мард мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ҳашт ҳазор нафар ҳам бозҷӯӣ шуда буданд, то ин ки саранҷом, дар соли 2016 бо озмоиши ДНК Чуплинский ба дом афтод ва баҳори соли 2016 дастгир шуд.

Дар гузориши равонпизишикӣ дар мавриди Чуплинский гуфта шудааст, ки вай бемори равонӣ нест, аммо нишонаҳое аз садизм дар ӯ дида мешавад.

Муҷозоти марг дар Русия пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бо пайравӣ аз қавонини Аврупо манъ шудааст ва ҳабси абад дар ин кишвар шадидтарин муҷозот аст.