Март 07, 2018 13:53 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии сафири Русия аз ноамнӣ ва нуфузи ДИИШ дар Афғонистон

Сафири Русия дар Афғонистон бо ибрози нигаронӣ аз нуфузи ДИИШ дар Афғонистон, онро таҳдиде барои кишварҳои Осиёи Миёна хонд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Александр Мантитский гуфт, мубориза бо ДИИШ дар Ховари Миёна мунҷар ба гароиши онҳо ба сӯйи кишварҳои Осиёи Миёна шудааст.

Мантитский дар мавриди интиқоли афроди ДИИШ тавассути чархболҳои ношинос дар шимоли Афғонистон низ гуфт, кишвараш ин мавзӯро бо Шӯрои амнияти миллии Афғонистон ва Амрико матраҳ кардааст, аммо онҳо дар ин маврид ҳеҷ посухе надодаанд.

Вай бо баёни ин ки авзои амниятии Афғонистон рӯ ба вахомат аст, гуфт: “Нуфузи ДИИШ ва ҳамчунин Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар шимоли ин кишвар бештар шудааст ва мо аз ин масъала нигарон ҳастем”.

Сафири Русия дар Кобул изҳор дошт, кишвараш хоҳони Афғонистони босубот ва орӣ аз терроризм аст.