Афзоиши куштаҳо дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои низомии Русия дар Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i30987-Афзоиши_куштаҳо_дар_ҳодисаи_суқути_ҳавопаймои_низомии_Русия_дар_Сурия
Вазорати дифои Русия эълом кард, шумори куштаҳо дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои таробарии низомии ин кишвар дар Сурия афзоиш ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 07, 2018 16:49 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши куштаҳо дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои низомии Русия дар Сурия

Вазорати дифои Русия эълом кард, шумори куштаҳо дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои таробарии низомии ин кишвар дар Сурия афзоиш ёфт.

Як фарванд ҳавопаймои Антонови артиши Русия рӯз сешанбе ҳангоми фуруд дар пойгоҳи Ҳамимим Сурия суқут кард.

Вазорат пештар эълом карда буд, дар ин ҳодиса 32 нафар кушта шуданд.

Вазорат иллати суқути ҳавопаймои Антоновро нақси фаннӣ эълом кард.

Русия як пойгоҳи ҳавоӣ дар Ҳамимим ва як пойгоҳи пуштибонии дарёӣ низ дар Тартуси Сурия дорад, ки Русия аз ин пойгоҳҳо дар набард алайҳи террористҳо истифода мекунад.