Июл 13, 2016 20:15 Asia/Dushanbe
  • Ифтихори ДИИШ ба одамкушӣ дар моҳи Рамазон

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар нашрияи ҳафтагии худ ба кушта ва захмӣ кардани ҳазорон нафар дар саросари ҷаҳон дар тӯли моҳи Рамазон ифтихор кард.

Ба гузориши рӯзномаи "Экспресс", гурӯҳи террористии ДИИШ дар тозатарин шумораи маҷаллаи ҳафтагии худ мавсум ба "Аннабо" ба кушта ва маҷруҳ кардани беш аз панҷ ҳазору 200 тан тайи "амалиётҳои низомӣ" дар моҳи мубораки Рамазон ифтихор кардааст.

Ин қурбониён 49 кушта ва 53 захмии ҳамлаи Умар Матин ба клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландои Амрикоро низ шомил мешавад.

ДИИШ дар як тасвири инфографик 14 ҳамлаи террористӣ дар саросари ҷаҳон, азҷумла Сурия, Ироқ, Амрико ва нуқоти мухталифи Аврупо, Осиё ва Африқоро руйхат кардааст.

Ин гурӯҳи террористӣ иддао кардааст, ки кушта ва захмиҳои ҳамалоташ дар моҳи Рамазони имсол шомили 1988 шиа, 965 курд, 580 алавии сурӣ ва 285 масеҳии ғайриараб мешаванд.

Яке аз ин ҳамалот, ҳамлаи террористии маргбори Алкаррода дар сеюми июн дар пойтахти Ироқ аст, ки ҳудуди 300 кушта барҷой гузошт.

Масъалаи тааҷҷуббарангез ин аст ки ДИИШ ба ҳамлаи террористӣ дар фурӯдгоҳи Отатурки шаҳри Истанбул, ки дар моҳи июн анҷом шудааст ва 41 кушта барҷой гузошт, ишорае накардааст.