Август 28, 2016 17:53 Asia/Dushanbe
  • Артиши Яман пойгоҳҳои Арабистонро ҳадаф гирифт

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман чандин пойгоҳи мутаҷовизони саудӣ дар Наҷрон ва Ҷизон дар дохили хоки ин кишварро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "Алолам", артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо такя бар тавони мушакӣ ва тӯпхонаии худ, имрӯз чандин пойгоҳи мутаҷовизони саудиро дар Наҷрон ва Ҷизон ҳадаф гирифтанд.

 Ба гузориши хабаргузории Яман, дар ин амалиёт маҳалли истиқрори сарбозони саудӣ дар пойгоҳҳои Наҳуқа, Абуҳамдон ва Ассудайс ҳадаф қарор гирифта шуд.

Бинобар ин гузориш, ягонаи мушакӣ ва тӯпхонаии артиши Яман пойгоҳҳои Арабистони Саудиро ҳадаф қарор дод ва низомиён мутаҳаммили талафоти ҷонӣ ва молӣ шуданд.