Ҳамлаи Толибон ба вилояти Қандаҳори шарқи Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31035-Ҳамлаи_Толибон_ба_вилояти_Қандаҳори_шарқи_Афғонистон
Манобеи амниятӣ аз ҳамлаи муҳоҷимон ба Мақарри полис дар шаҳристони Испинбулдаки вилояти Қандаҳор дар шарқи Афғонистон хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 08, 2018 10:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Толибон ба вилояти Қандаҳори шарқи Афғонистон

Манобеи амниятӣ аз ҳамлаи муҳоҷимон ба Мақарри полис дар шаҳристони Испинбулдаки вилояти Қандаҳор дар шарқи Афғонистон хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо аз Кобул, сухангӯи фармондеҳии полиси вилояти Қандаҳор эълом кард: Чаҳоршанбешаб чаҳор муҳоҷим ба фармондеҳии полиси шаҳристони Испинбудлак ҳамла карданд.

Зиё Дурронӣ афзуд : Аммо пас аз ду соат даргирӣ ҳамаи онҳо кушта шуданд.

Ба гуфтаи вай дар ин ҳамла шаш неруи полис низ кушта шуданд.

Гуруҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт.

Ин дар ҳолест, ки дар даргирии асри рӯзи пеш дар шаҳри Ҷалолободи маркази вилояти Нангарҳор низ се кушта ва 16 захмӣ бар ҷой гузошт.

Дар ин ҳамлаи террористӣ раиси Идораи Ҳаҷ ва авқофи вилояти Нангарҳор низ кушта шуд.