Март 08, 2018 13:57 Asia/Dushanbe
  • Трамп бадтарин раиси ҷумҳурии Амрико дар 70 соли гузашта

Натоиҷи як назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки бештари мардуми Амрико Доналд Трампро бадтарин раиси ҷумҳурии ин кишвар пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум медонанд.

Дар ин назарсанҷӣ, ки аз сӯйи Донишгоҳи Квиннипэк (Quinnipiac University) анҷом шудааст, 41 дарсад аз посухдиҳандагон аз миёни 13 раиси ҷумҳурии Амрико пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум, Доналд Трампро бадтарин донистаанд.

Ҳамчунин ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки маҳбубияти Трамп ба 38 дарсад коҳиш пайдо кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Трамп бисёре аз иқдомоти худро бартар аз ҳамаи раисони ҷумҳурии пешини Амрико донистааст.

Доналд Трамп дар паёми твиттерие иддао кард, иқдомоти ӯ дар 7 моҳи аввали раёсати ҷумҳурӣ бештар аз ҳама раисони ҷумҳурии собиқи Амрико дар муддати мушобеҳ будааст.