48 ҷангандаи “Тайфун” - хариди Арабистон аз Британия
Арабистони Саудӣ ва Британия рӯзи ҷумъа тафоҳумномае имзо карданд, ки бар асоси он Риёз 48 ҷангандаи “Еврофайтер Тайфун” (Eurofighter Typhoon) аз Лондон харидорӣ хоҳад кард.
Ба гузориши ИРНА, ин тафоҳумнома дар охирин рӯз аз сафари Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ба Лондон, миёни ду кишвар имзо шуд.
Бар асоси омори расмии корзори таблиғотии мубориза бо тиҷорати силоҳ, Арабистони Саудӣ бузургтарин харидори таслеҳот аз Британия аст.
Фурӯши ҷангандаҳои бритониёӣ ба Арабистон дар ҳоле аст, ки Яман аз марти соли 2015 ҳадаф ва омоҷи ҳамалоти ваҳшиёнаи режими Саудӣ бо ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Амрико, Британия, Иморот ва чанд кишвари дигар аст.
Дар ин таҳоҷум беш аз 14 ҳазор ғайринизомии яманӣ, ки бештари ононро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, кушта ва миллионҳо нафар овора шудаанд.
Созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ борҳо аз Британия ва дигар кишварҳои ҳомии режими саудӣ хостаанд, ки содироти силоҳ ба Риёзро мутаваққиф кунанд.