Март 10, 2018 15:33 Asia/Dushanbe
  • Оғози рақобатҳои паролимпии Кореяи Ҷанубӣ

Рақобатҳои паролимпии зимистонии соли 2018-и Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Пхенчхане (Pyeongchang)-и ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар рақобатҳои 10 - рӯзаи паролимпии Пхенчхане 570 варзишкор аз 49 кишвар ширкат мекунанд, ки аз лиҳози теъдоди варзишкор бузургтарин давраи рақобатҳо хоҳад буд.

Бар асоси ин гузориш, дар ойини ифтитоҳияи ин рақобатҳо Мун Ҷеин, раиси ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ҳузур дошт.

Кореяи Шимолӣ низ дар рақобатҳои паролимпӣ ҳамчун рақобатҳои олимпӣ, ки аз 9-уми феврал ба муддати 16 рӯз баргузор шуд, ҳузур дорад.

 Ин аввалин бор аст, ки Кореяи Шимолӣ дар чунин рақобатҳо дар тӯли таърихи он ширкат мекунад ва ин нишоне ошкор аз беҳбуди тадриҷии равобити ду Корея аст.