Путин: Амрико омили аслии таниш дар равобити Маскав ва Вашингтон
Март 10, 2018 16:26 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳури Русия иқдомоти давлати Амрикоро, омили таниш дар равобити Маскав ва Вашингтон донист.
Ба гузориши шабакаи хабарии “NBC”, Владимир Путин иттиҳомзании сервисҳои иттилоотии Амрико бино бар ин ки ӯ дастури мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 ин кишварро додааст, такзиб кард.
Путин афзуд, Амрико омили аслии таниш дар равобити ду кишвар буда ва Русия дар ин замина нақше надоштааст; Аммо Маскав барои музокира бо Вашингтон омодагӣ дорад.