Март 11, 2018 21:35 Asia/Dushanbe
  • Озодии саркардаи Толибон дар Покистон

Манбаи хабарӣ дар Покистон аз озодии Мавлавии Аҳмадуллоҳи Мутеъ, аз саркардаҳои гурӯҳи Толибон аз сӯи давлати Покистон хабар дод.

Ба нақл аз рузномаи Вейсо чопи Кобул, Мавлавии Аҳмадуллоҳи Мутеъ мавсум ба Муллононӣ пас аз таҳаммули як сол ҳабс дар шаҳри Карочии Покистон аз зиндон озод шуд.  

Мавлавии Аҳмадуллоҳи Мутеъ аз саркардаҳои Толибон ва масъули Комиссияи ҷалбу ҷазби ин гурӯҳ аст, ки дар як соли ахир дар Покистон зиндонӣ буд.

Вай дар сентябри 2016 дар шаҳри Кувайта аз сӯи Созмони иттилооти артиши Покистон (Эй Эс Ой) боздошт шуд.  

Токунун Толибон ва ё мақомҳои афғон дар бораи озодии саркардаи аршади Толибон аз сӯи Покистон изҳори назаре накардаанд.

 

Барчасп