Мамнуъ шудани доду ситади коло дар Полша дар рӯзи якшанбе
Қонуни мамнуъ шудани хариду фурӯши коло дар рӯзҳои якшанбе аз 11 март дар Полша иҷро шуд.
Ба нақл аз Associated Press, ин қонун ба тадриҷ ва аз марти 2018 бо мамнуъ шудани харид кардан дар ду якшанбе дар моҳ оғоз мешавад ва сипас ба се якшанбе дар моҳ дар соли 2019 афзоиш меёбад.
Аз 2020 низ харид кардан фақат дар ҳафт якшанбе дар сол муҷоз хоҳад буд.
Ин қонун илова бар фурӯшгоҳҳои бузург ва умдафурӯшиҳо, хурдафурӯшиҳоро низ шомил мешавад.
Фурӯши онлайн, нуқтаҳои сӯзишворӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, дорухонаҳо ва бархе гулфурӯшиҳо шомили ин қонун намешванд.
Аввалин бор аст, ки қонуни тиҷорати озод, ки пас аз фурӯпоши каммунизм дар 1990 дар Полша барқарор шуд, бо маҳдудият рӯ ба рӯ шудааст.
Калисои бонуфузи католик, ки 90 дарсади полшаиҳо пайрави он ҳастанд, қонуни ҷадиди Полшаро тайид кардааст.