Путин: Дигар Қримро ба Украина намедиҳем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31229-Путин_Дигар_Қримро_ба_Украина_намедиҳем
Раисиҷумҳури Русия эълом кард, ин кишвар ҳеҷгоҳ Қримро ба Украина пас намедиҳад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 12, 2018 18:12 Asia/Dushanbe
  • Путин: Дигар Қримро ба Украина намедиҳем

Раисиҷумҳури Русия эълом кард, ин кишвар ҳеҷгоҳ Қримро ба Украина пас намедиҳад.

Владимир Путин дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Русия 1», гуфт, Русия шибҳи ҷазираи Қримро таҳти ҳеҷ шароите ба Украина пас намедиҳад ва ин амр номумкин аст.

Раисиҷумҳури Русия афзуд, роҳе барои таҳвили Қрим вуҷуд надорад ва ҳеҷ гоҳ низ чунин эҳтимоле пеш нахоҳад омад.

Изҳороти Путин, як ҳафта пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ва дар як мусоҳиба матраҳ шуд.

Ин дар шароите аст, ки Иттиҳодияи Аврупо дар хусуси таҳаввулоти шарқи Украина ва шибҳи ҷазираи Қрим, таҳримҳоеро зидди Маскав эъмол кард.

Шибҳи ҷазираи Қрим соли 2014, пас аз баргузории ҳамапурсӣ ба таври якҷониба аз Украина эъломи истиқлол кард ва дархости пайвастан ба Русия дод, ки мақомоти Русия бо имзои қарордоде пайвастани он ба Русияро таъйид карданд.