Сафари ғайримунтазираи вазири дифои Амрико ба Афғонистон
Вазири дифои Амрико бидуни иттилои қаблӣ ва дар сафаре ғайримунтазира вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд.
Ба иттилои Ирно, Ҷемз Матис, вазири дифои Амрико сешанбе бидуни эъломи қаблӣ вориди Кобул шудааст.
Аз ҷузъиёти ин сафар иттилооте мунташир нашудааст, аммо гуфта шуда, ки Ҷемз Матис қарор аст, бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дидору гуфтугӯ кунад.
Манобеи афғон афзоиши даргириҳои ахири Толибон бо нерӯҳои Афғонистон ва низ тасаллути ин нерӯҳо бар бахшҳое аз ин кишварро аз меҳварҳои аслии ин дидор унвон кардаанд.
Ҳузури низомии Амрико аз 2001 дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм ба ҳамроҳи соири кишварҳои НАТО, дастоварде ҷуз куштори ҳазорон ғайринизомӣ надошта ноамниҳо афзоиш ёфтааст.