Март 13, 2018 18:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Англияю Амрико ба Русия ва посухи Маскав

Дар ҳоле ки Англия ва Амрико Русияро ба нақш доштан дар заҳролуд кардани як ҷосуси дуҷониба ва духтари ӯ муттаҳам мекунанд, Маскав ин иддаоҳоро "намоиши сирк" мехонад.

Ба гузориши “Ассошейтед пресс”, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии собиқи Амрико бомдоди сешанбе, сооте қабл аз барканор шудан муддаӣ шуд, ки ин масмумияти ошкоро ба дасти Русия анҷом шуда ва қатъан бо посух рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Тиллерсон ҳамчунин гуфт, ки заҳри истифодашуда мумкин аст, аз ҷое ғайр аз Русия омада бошад.

Пеш аз Тиллерсон Тереза Мэй, нахуствазири Англия низ муддаӣ шуда буд, Скрипал ва духтараш бо як омили асаб, аз навъе, ки дар Русия тавлид мешавад, заҳролуд шудаанд. Ӯ низ иддао кард, ки ба эҳтимоли зиёд Русия омили ин ҳодиса будааст. Мэй ҳамчунин ба Русия зарбулаҷала дод, то зарфи 36 соати оянда дар бораи наҳваи тавлиди ин гази заҳролуд дар шаҳри Солсбери тавзеҳоти лозимро ба Созмони манъи густариши таслиҳоти кимиёӣ ироа кунад, вагарна Лондон иқдоми Маскавро истифодаи ғайриқонунӣ аз зӯр алайҳи подшоҳи муттаҳидаи Биритониё қаламдод хоҳад кард.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия иттиҳомоти Англияро рад карда, онҳоро «намоиши сирк» ва «ҳамлаи расонаии таҳрикомез» хондааст.

Сергей Скрипал пештар сарҳанги Хадамоти ҷосусии артиши Русия буд, ки дар соли 2006 ба далели ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷосусии Англия дар даврони хидматаш дар артиши Русия хоин шинохта шуд. Ӯ дар соли 2010 бо ҷосусҳои рус, ки дар Ғарб гирифтор шуда буданд, мубодила шуд ва аз Англия паноҳандагӣ гирифт. Ҳафтаи гузашта ин ҷосуси дуҷониба ҳамроҳи духтари 33-солааш дар як маркази харид дар шаҳри Солсберии Англия беҳуш пайдо шуданд. Ба дунболи ин ҳодиса пулиси маҳаллӣ эълом карда буд, ки ин ду нафар дар маърази як моддаи ношинос қарор гирифтаанд. Скрипал ва духтараш дар ҳоли ҳозир дар бемористоне бистарӣ ҳастанд ва ҳолашон вахим эълом шудааст.