Март 13, 2018 19:52 Asia/Dushanbe
  • Раиси СМҶ вазири умури хориҷии Амрико шуд

Раиси Созмони марказии ҷосусии Амрико (ЦРУ), ҷойгузини Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико шуд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе дар сафҳаи твиттерии худ эълом кард, ки Майк Помпео, раиси СМҶ аз ин пас ба унвони вазири умури хориҷии ин кишвар фаъолият мекунад.

Барканории Рекс Тиллерсон дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки ӯ ба иллати ихтилофоти шадид бо Трамп нахустин сафараш ба Африқоро бо баҳонаи беморӣ нимакора раҳо кард. Ихтилофҳо миёни ин ду аз ҳамон моҳҳои нахусти раёсатҷумҳурии Трамп дар расонаҳо ва маҳофили сиёсӣ матраҳ буд.

Помпео аз мухолифони сарсахти тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон аст.

Трамп, чӣ дар давраи таблиғоти интихоботӣ ва чӣ дар мақоми раисҷумҳури Амрико, ҳамвора тавофуқи ҳастаии Эрон ва «Гурӯҳи 5+1»-ро бадтарин тавофуқ барои Амрико номида ва хостори барҳам хӯрдани он аст.