"Викиликс" дар бораи Туркия санад мунташир мекунад
Пойгоҳи интерентии "Wikileaks", ки ба ифшогарии аснод шӯҳрат дорад, эълом кард, қасд дорад ба зуддӣ асноди маҳрамонаеро дар бораи сохтори қудрат дар Туркия мунташир кунад.
Ба гузориши Ройтерс, "Wikileaks" имрӯз (душанбе) дар паёми твиттерӣ аз омодагӣ барои интишори асноди маҳрамона дар бораи сохтори қудрат дар Туркия, ба дунболи кудатои нофарҷоми ин кишвар хабар дод.
Дар ин паём омадааст, "мо омодаи интишори беш аз 100 ҳазор санад дар бораи сохтори қудрат дар Туркия, дар ояндаи наздик ҳастем. Ин иттифоқ ба зуддӣ хоҳад афтод".
Туркия бомдоди шанбе саҳнаи кудатои низомии фарҷоме буд, ки бар асоси охирин оморҳо, 290 кушта ва 1400 захмӣ доштааст.
Расонаҳои давлатии Туркия имрӯз аз боздошти 103 генерал ва адмирал аз замони кудатои нофарҷоми ин кишвар, хабар доданд.
Ҳудуди шаш ҳазор нафар аз коркунони дастгоҳи қазоӣ ва нерӯҳои мусаллаҳи Туркия низ токунӯн боздошт шудаанд.