Фурсати як ҳафтаӣ ба дипломатҳои рус барои тарки Англия
Март 14, 2018 21:27 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Британия ба дипломатҳои рус танҳо як ҳафта фурсат дод, он кишварро тарк кунанд.
Тереза Май дар суханронии худ дар маҷлиси авоми Англия гуфт: Лондон 23 дипломати русро дар иртибот бо масмум кардани ҷосуси рус дар Англия ихроҷ хоҳад кард.
Вай афзуд: Мақомоти баландпояи англисӣ ва аъзои хонадони салтанатӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футболи Русия ширкат нахоҳанд кард ва ҳамчунин нишаст бо вазири хориҷаи Русия лағв мешавад.
Тереза Май гуфт, ки Русия ҳеҷ тавзеҳи муътабаре дар бораи ҳодисаи Солсберӣ ироа накардааст.
Ба гуфтаи вай, Лондон қарордодҳои дуҷониба бо Маскавро низ ба ҳолати таълиқ дармеоварад.
Лондон ҳамчунин дархост кард, Нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал барои барраси мавзуи масмумияти ҷосуси собиқи рус баргузор шавад.