Русия Британияро ба иқдоми мутақобил таҳдид кард
Март 14, 2018 22:25 Asia/Dushanbe
Маскав ҳушдор дод, ихроҷи дипломатҳои рус аз Англия бо посухи мутақобили Русия рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Владимир Губарев, муовини аввали Комиссияи умури байналмилалии Шӯрои федератсияи Русия гуфт, Русия ба иқдоми Британия дар ихроҷи дипломатҳои рус посухи мутақобил медиҳад.
Владимир Еков, намояндаи Русия дар Иттиҳодияи Аврупо низ таъкид кард, Маскав ҳеҷ ҳаросе аз таҳдидҳои лафзии Лондон надорад.
Тереза Май, нахуствазири Британия гуфт, Британия 23 дипломати Русияро ихроҷ хоҳад кард.