Бештар шудани таҳдидҳо алайҳи мусалмонон дар Британия
(last modified Sat, 17 Mar 2018 09:38:21 GMT )
Март 17, 2018 14:38 Asia/Dushanbe
  • Бештар шудани таҳдидҳо алайҳи мусалмонон дар Британия

Вазири покистонитабори умури ҷомеаҳои Британия номаи таҳдидомези даъвати “Рӯзи муҷозоти мусалмонон”-ро дарёфт кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА,  Соҷид Ҷовид бо интишори паёме дар Твиттер, тасвири номаеро мунташир кард, ки дар он гурӯҳе ношинос севуми апрелро “Рӯзи муҷозоти мусалмонон” эълом кардаанд.

Нависандагони ин нома мухотабон (аудитория)-и худро ба иқдомоти хашин алайҳи мусалмонон ташвиқ карда ва барои ҳар иқдом имтиёзе дар назар гирифтаанд.

Ин иқдомот шомили мавридҳое ҳамчун бадахлоқӣ ва бадгӯӣ (фаҳҳошӣ), кашидани рӯсарӣ аз сари занони мусалмон, асидпошӣ (тезобпошӣ), ҳамла бо корд ва бомбагузорӣ дар масҷидҳо аст, ки ҳар як аз онҳо аз 10 то 1000 имтиёз доранд.

Гуфта мешавад, дар номае, ки вазири умури ҷомеаҳои Британия дарёфт кардааст, илова бар вуҷуди як моддаи часбанда, нусхае аз номаҳои таҳдидомези ирсолшуда ба мусалмонони дигар шаҳрҳо замима шудааст.

Пеш аз ин низ чаҳор намояндаи мусалмони парлумони Британия ин номаро дарёфт карда буданд.

Номаи таҳдидомези ба ин монанд ҳам ноябри соли гузашта ба масҷиде дар Манчестер ирсол ва муддате баъд ин масҷид ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои ифротӣ қарор гирифт.

Бар асоси гузориши Вазорати умури дохилии Британия, ҷиноятҳое назири танаффури нажодӣ ва мазҳабӣ дар ин кишвар дар соли 2017 афзоиши чашмгире доштааст.