Март 17, 2018 15:08 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми ҷавобии Иттиҳоди Аврупо ба афзоиши нархномаии Амрико

Комиссияи Аврупо ҷумъашаб хостори ҷорӣ кардани таърифаҳо (нархнома)-и ҷадид бар молу маҳсулоти амрикоӣ шуд.

Комиссияи Аврупо сиёсатҳои тиҷории 28 узви ин иттиҳодияро ҳамоҳанг мекунад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Комиссияи Аврупо эълом кард, дар сурате, ки Амрико ин иттиҳодияро аз нархномаҳои ҷадид озод накунад, таърифаи 25 дарсадӣ бар гурӯҳи маҳсулоти воридотӣ аз Амрико ба арзиши 3.45 миллиард доллар ҷорӣ хоҳад кард.

Феҳристи 10 сафҳаии Иттиҳоди Аврупо маҳсулоте аз биринҷ то обмева, маҳсулоти ороишӣ, мошинолот ва ҳамчунин бархе металҳои мавриди истифода дар саноатро дар бар мегирад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико панҷшанбеи 8 –уми март бар хилофи ҳушдорҳои байналмилалӣ, фармони иҷрои афзоиши нархномаи воридоти алюминий ва фулод ба Амрикоро имзо кард.

Бар асоси ин фармон, таърифаи 25 дарсадӣ бар воридоти фулод ва 10 дарсадӣ бар воридоти алюминий ба Амрико ҷорӣ хоҳад шуд.

Трамп ду кишвари Канада ва Мексикаро, ки шарикони Амрико дар Тавофуқномаи тиҷорати озоди Амрикои Шимолӣ ҳастанд, аз доираи афзоиши нархномаҳои ёдшуда мустасно кард.

Иттиҳоди Аврупо, Чин, Канада ва Бразилия ба унвони аслитарин содиркунандагони фулод ва алюминий ба Амрико, пештар эълом карда буданд, ба ҳар гуна афзоиши нархномаи воридотии Амрико бо эъмоли таърифа бар колоҳои содиротии ин кишвар иқдоми ҷавобӣ рӯйи даст мегиранд.