Фишор бар Русия, Эрон ва Чин, ҳадафи Амрико дар Афғонистон
Намояндаи вижаи Русия дар Афғонистон гуфт: Ҳузури низомии Амрико дар ин кишвар барои нуфуз бар кишварҳои Русия, Эрон ва Чин аст.
Замир Кабулов, намояндаи вижаи Путин дар Афғонистон гуфт: Амрико ба иллати фарояндҳои сиёсӣ ва нуфуз дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва ҳамчунин қудратнамоӣ муқобили рақибҳои минтақаӣ яъне Чин, Русия ва Эрон дарсадади афзоиши ҳузури низомӣ дар Афғонистон аст.
Вай гуфт: Амрико ошкоро талош мекунад, то минтақаи Осиёи Марказиро дучори бесуботӣ кунад, то мутаоқиби он худро ба унвони танҳо мудофеи таҳдидҳои билқува ва навзҳур дар минтақа нишон диҳад.
Инак беш аз 18 ҳазор низомии хориҷӣ аз ҷумла беш аз 15 ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд.
Ҳузури низомии Амрико аз 2001 дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм, токунун ҳеҷ дастоварде ҷуз куштори ҳазорон ғайринизомии афғон ва тахриби зерсохтҳои ин кишвар надоштааст.